Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон 6 покистониро бо гумони убури марз дастгир кард


Марзи Қазоқистон ва Қирғизистон.
Марзи Қазоқистон ва Қирғизистон.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон хабар додааст, ки 6 шаҳрванди Покистон бо гумони ғайриқонунӣ гузаштан аз марзи ин кишвар бо Қазоқистон дастгир шудааст.

Ба иттилои хадамоти матбуотии кумита шаҳрвандони Покистон шаби 20 май дастгир карда шуданд. Зидди онҳо бар асоси бандҳои "Қасди ҷиноят" ва "Ғайриқонунӣ гузаштан аз марзи давлатӣ" парванда боз гаштааст.

Ҳамаи дастгиршудаҳо дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Бишкек нигаҳдорӣ мешаванд.

Манбаъ дақиқ нагуфтааст, ки ин покистониҳо мехостанд, Қирғизистонро тарк кунанд ё ба он ворид шаванд.

Дар пайи нашри видеои занозании 13 май дар як хобгоҳ, гурӯҳе аз сокинони Бишкек шаби 17 май алайҳи донишҷӯёни хориҷӣ эътироз карданд ва ба хобгоҳи онҳо ҳамла карданд. Эътирозгарон иддао доштанд, ки донишҷӯёни хориҷӣ шаби 13 май чанд сокини маҳалиро латукӯб кардаанд.

Мақомоти Покистон баъди ҳодиса гуфтанд, ки Қирғизистон барои шаҳрвандонашон амн нест. Шаби 18-уми май 180 шаҳрванди Покистон дар як парвози чартерӣ Қирғизистонро тарк карданд.

XS
SM
MD
LG