Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хеши Қодиров нахуствазири Чеченистон шуд


Муслим Хучиев
Муслим Хучиев

Раҳбари худкомаи Чеченистон Рамазон Қодиров рӯзи 21-уми май гуфт, нахуствазири ин ҷумҳурӣ Муслим Хучиев ба истеъфо рафт, то ки дар вазифаи дигар кор кунад, вале нагуфт, ки ин чӣ мақом хоҳад буд.

Дар пай Исо Тумҳоҷиев, вазири роҳҳои мошингарди Чеченистон ба мақоми иҷрокунандаи вазифаи нахуствазири Чеченистон таъин шуд.

Тумҳоҷиев ба як хеши Қодиров издивоҷ кардааст. Ҳафтаи гузашта як шахси наздик ба Қодиров – Магомед (Муҳаммад) Довудов баъди нӯҳ соли кор аз мақоми раиси парлумон истеъфо дод.

Хучиев ва Довудов барои нақшашон дар саркӯби озодии инсон дар ин ҷумҳурии Қафқози Шимолӣ таҳти таҳримҳои ИМА ва Бритониё мебошанд.

XS
SM
MD
LG