Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кабирӣ алайҳи ҳукми додгоҳи Душанбе шикоят бурд


Вакили дифои Муҳиддин Кабирӣ алайҳи ҳукми Додгоҳи шаҳри Душанбе шикояти назоратӣ бурд. Бузургмеҳри Ёров, вакили дифои Муҳиддин Кабирӣ - вакили Маҷлиси намояндагон ва раиси ҲНИТ, алайҳи ҳалномаи Додгоҳи шаҳри Душанбе аризаи шикоятӣ ба ҳамин додгоҳ пешниҳод кард. Бузургмеҳр Ёров рӯзи 6-уми май ба «Озодӣ» гуфт, ки дар ҳамин рӯз алайҳи ҳалномаи Додгоҳи шаҳри Душанбе, ки ҳукми додгоҳи Исмоили Сомониро бетағйир гузошт, ба ҳамин додгоҳ шикояти назоратӣ бурдааст. Вакили мудофеи Муҳиддин Кабирӣ гуфт: «Шикояти назоратӣ ба ин маъност, ки Додгоҳи пойтахт аз нав ҳалномаро мавриди омӯзиш қарор хоҳад дод, ки то кадом андоза мувофиқи қонунгузориҳо дуруст аст ё не.»

Додгоҳи шаҳри Душанбе рӯзи 18-уми апрел ҳукми Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомониро, ки дар он гуфта шуда буд, ки вакили порлумон Муҳиддин Кабирӣ дар назди шаҳрдорӣ узрхоҳӣ кунад, бетағйир гузошт. Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ қарори худро дар заминаи шикояти шаҳрдори Душанбе 30 январи соли равон содир кард ва Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ-ро вазифадор кард, ки аз тариқи матбуот аз шаҳрдорӣ узр бипурсад. Аммо Бузургмеҳри Ёров, вакили мудофеи Кабирӣ мегӯяд, ки агар додгоҳи пойтахт шикояти назоратии онҳоро низ бетағйир гузорад, ба Додгоҳи олӣ шикоят хоҳад бурд: «Дар сурати бетағйир мондани қарори ду додгоҳ дар Додгоҳи олӣ, онҳо ба додгоҳҳои байналмиллалӣ муроҷиат хоҳад кард, зеро Додгоҳҳои Тоҷикистон мустақил нестанд ва таҳти таъсири мақомоти давлатӣ тасмим мегиранд.»

Қаблан, ҳукумати Душанбе аз болои Муҳиддин Кабирӣ, вакили парлумон ва раҳбари ҲНИТ, ба додгоҳ муроҷиат карда буд. Дар аризаи шаҳрдорӣ таъкид шуда буд, ки Муҳиддин Кабирӣ барои суханони ба гуфтаи онҳо "носазо" дар бораи вазъи экологии пойтахт, аз шаҳрдорӣ бахшиш ё маъзарат пурсад.

Муҳиддин Кабирӣ дар чанд моҳи пеш дар як матлабе, таҳти унвони “10 сол пас Душанбе урён мешавад”, дар расонаҳои хабарии Тоҷикистон аз дарахтбуриҳо дар хиёбонҳои пойтахт изҳори ташвиш карда буд.

Ба дунболи ин шикояти шаҳрдорӣ, Муҳиддин Кабирӣ барои таҳқири ҳайсияташ ҳамчун вакили Маҷлиси намояндагон, аз шаҳрдорӣ 20 миллион сомонӣ ҷуброн хост. Ҷаноби Кабирӣ ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки омодааст ба шикояти шаҳрдорӣ тибқи қонунҳои ҷории Тоҷикистон посух диҳад, вале барои узрпурсӣ асосеро намебинад.
XS
SM
MD
LG