Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳавопаймои низомии ИМА дар Қирғизистон суқут кард


Як ҳавопаймои бузурги низомии Иёлоти Муттаҳида дар наздикии марзи Қирғизистону Қазоқистон суқут кардааст. Вазорати ҳолатҳои фавқуллодаи Қирғизистон гуфт, ҳавопаймои сӯхткаш рӯзи ҷумъа дар наздикии рустои кӯҳистонии Чолдибар 90 километрии шаҳри Бишкек суқут кардааст. Ба гуфтаи вазорат, ҳавопаймо аз Бишкек бо чандин тонна маводи сӯхт ба Афғонистон парвоз мекардааст. Кадом навъи ҳавопаймо будани он ҳоло дақиқ нест, вале вазорати изтирории Қирғизистон мегӯяд, ки он се пора шудааст ва маъмурони наҷот ба маҳалли фалокат шитофтаанд. То кунун касеро дар маҳалли ҳодиса зинда пайдо накардаанд. Бино ба гузоришҳо, ҳавопаймои сӯхтбар баъди бархостан аз маркази низомии транзитӣ дар фурудгоҳи Манаси Бишкек аз радарҳо нопадид шудааст.
XS
SM
MD
LG