Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Ошкоро» ҷои "Адолат"-ро мегирад


Ҳизби демократи Тоҷикистон, ки соҳиби рӯзномаи «Адолат» буд, акнун нашрияи худро бо номи «Ошкоро» чоп хоҳад кард. Саидҷаъфар Исмонов, раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон рӯзи 29-уми апрел ба «Озодӣ» гуфт, ки Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба далели ин, ки нашрияи «Адолат» тайи солҳои зиёд ба нашр нарасидааст ва имкон дорад, ки дар ин миён нашрияе бо ин унвон ба табъ расида бошад, аз сабти дубораи он худдорӣ кард. Аз ин рӯ Шӯрои сиёсии Ҳизби демократ бо номи дигар, яъне «Ошкоро» ҳуҷҷат ва ойиномаи нашрияи худро се рӯз қабл ба Вазорати фарҳанги Тоҷикистон барои сабти ном пешниҳод кард. Ба назари ҷаноби Исмонов, азбаски соли равон интихоботи раёсати ҷумҳурӣ аст, Ҳизби демократӣ мехоҳад минбари худро дошта бошад, ки барномаву назарашро бидуни таҳриф дар нашрияи «Ошкоро» ба табъ расонад. Дар моҳи сентябри соли 2006 чанд шумораи тозаи «Адолат», нашрияи дар шакли варақа-барга ба нашр расид ва бинобар мушкил молӣ, зуд аз нашр бозмонд. Намоянадагони ҳизби Демократӣ мегӯянд, ки дар соли 2006 «Адолат» танҳо як бор ба шакли комили ҳафтанома ба муносибати солгарди таъсиси ҲДТ ва се бори дигар ба шакли барга чоп шуда буд.
Пасон то кунун нашрияи маъруфӣ «Адолат» ҳамчун нашрияи Ҳизби демкоратӣ ба нашр нарасид ва бо ҳамин аз саҳнаи матбуоти тоҷик берун шуд.
XS
SM
MD
LG