Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахуствазири Сурия аз "сӯиқасд" эмин мондааст


Бино ба гузориши телевизиони давлатии Сурия, Воил ал-Ҳалқӣ, нахуствазири ин кишвар аз як ҳамлаи ба гуфтаи телевизион “террористӣ” ҷон ба саломат бурдааст. Бар тибқи гузориш, мошинҳои нахуствазир дар маҳаллаи Мазза дар наздикии як мактаб ҳадафи бомбгузорӣ қарор гирифтааст. Ба гуфтаи Маркази нозири ҳуқуқи башар дар Сурия, ки дар Лондон қароргоҳ дорад, дар ин таркиш 6 нафар аз ҷумла як муҳофизи ал-Ҳалқӣ ҳалок шудааст. Дар силсилаи бомбгузориҳо дар шаҳри Димишқ дар чанд моҳи гузашта, садҳо нафар куштаву захмӣ шуданд. Ҳукумати Сурия мегӯяд, ҳамлаҳо кори дасти тундравони исломӣ аст, ки ки бар зидди ҳукумати раиси ҷумҳур Башор Асад меҷанганд. Аз замони шурӯъи қиёмҳои мардумӣ дар Сурия дар ду соли пеш, то кунун дар ин кишвар бештар аз 70 ҳазор нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG