Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Пхенян шаҳрванди Амрикоро ба додгоҳ кашиданд


Хабаргузории давлатии Кореяи Шимолӣ гуфтааст, як шаҳрванди Амрикоро ба додгоҳ мекашонад, зеро вай талош кардааст ҳукумати ин кишварро сарнагун кунад. Ин хабаргузорӣ гуфтааст, Кеннет Бей соли гузашта боздошт шуда буд ва номи кореяии вай По Ҷун Ҳу ифшо шудааст.

Вай 3 ноябри соли гузашта дар ҷараёни саёҳат дар минтақае бо номи Расон дар Кореяи Шимолӣ боздошт шудааст. Расон минтақаи вижаи иқтисодист, ки Русия ва Кореяи Шимолӣ дар он ҷо ба таври муштарак барномаҳои иқтисодиро иҷро мекунанд.

Агар Кеннет Бей муттаҳам эълон шавад, дар он сурат вайро ҳукми қатл интизор аст.
XS
SM
MD
LG