Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико ба Узбакистон силоҳ медиҳад?


Як дипломати баландпояи Амрико гуфтааст, кишвараш шарту шароити ба Узбакистон додани баъзе аз силоҳҳоеро баррасӣ хоҳад кард, ки аз Афғонистон берун карда хоҳанд шуд. Ба гузориши хабаргузории «Интерфакс» Роберт Блейк, дастёри вазири умури хориҷии Амрико дар ин бора рӯзи панҷшанбе дар шаҳри Тошканд сухан гуфтааст. Ба гуфтаи ӯ, музокирот дар ин замина ба тозагӣ шурӯъ шудааст ва Амрико бо Ӯзбакистон шарту шароити додани баъзе аз ин силоҳҳоро дертар баррасӣ хоҳад кард. Ӯзбакистонро ягона кишварест, ки бо Афғонистон роҳи оҳан дорад ва Амрико онро як роҳи алтернативии берун бурдани нерӯҳояш аз Афғонистон медонад. Қарор аст, то поёни соли 2014 бисёре аз нерӯҳои ҷангии хориҷӣ Афғонистонро тарк кунанд.
XS
SM
MD
LG