Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавсифи Керрӣ аз мулоқоти "пурсамар" дар Брюссел


Карзай, Керрӣ ва Каёнӣ
Карзай, Керрӣ ва Каёнӣ
Вазири хориҷаи Амрико Ҷон Керрӣ гуфт, музокироти раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай бо мақомоти аршади Покистон дар Брюссел пурсамар буд. Ин дидор бо мизбонии Керрӣ сурат гирифт. Вале ӯ баъди мулоқот гуфт, ки тибқи ризоияти тарафайн, натоиҷи бадастомада расонаӣ нахоҳад шуд. Музокироти Карзай бо фармондеҳи артиши Покистон Ашфақ Каёнӣ ва вазири хориҷа Ҷалил Ҷелонӣ қариб 3 соат тӯл кашидааст. Ҳадаф аз ин дидор эҳёи равобити Кобул бо Исломобод буд. Кобул Исломободро айбдор мекунад, ки ба ваъдааш дар қиболи раванди оштӣ бо Толибон талоши кофӣ нишон намедиҳад. Афғонистон мегӯяд, ки ҳамсояаш ба чирикиҳо паноҳ медиҳад. Покистон инро радд мекунад.
XS
SM
MD
LG