Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нархи орд дар Тоҷикистон 5-6 фоиз коҳиш ёфтааст


Нархи орд дар Тоҷикистон имсол 5-6 фоиз коҳиш ёфтааст. Дар вазорати кишоварзӣ ба “Азия Плюс” гуфтаанд, ки нархи як халта орди воридотӣ 6 фоиз пойин рафта, ба ҳисоби миёна 148 сомонӣ шудааст. Дар айни ҳол нархи як халта орди маҳаллӣ низ то 145 сомонӣ пойин омадааст, ки назар ба оғози сол 5 фоиз камтар аст. Тоҷикистон танҳо дар семоҳаи аввали сол аз хориҷ ва умдатан аз Қазоқистон 144 776 тонна гандум ва 54 442 тонна орд ворид кардааст, ки назар ба соли қаблӣ мутаносибан 47 500 ва 79 700 тонна камтар мебошад. Тоҷикистон ҳар сол тақрибан ба 1,5 миллион тонна орду гандум ниёз дорад, ки 70 дарсадашро аз Қазоқистон ворид мекунад.
XS
SM
MD
LG