Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиш сафорати Фаронса дар Либияро таккон дод


Сафорати Фаронса дар Либия имрӯз аз таркиши зоҳиран мошини бомбгузоришуда осеб дид. Мақомоти Фаронсаву Либия бидуни бурдани ном гуфтаанд, ки бар асари таркиш ду муҳофиз ҷароҳат бардоштанд. Бино ба хабарҳо, сохтмони сафорат низ ба таври ҷиддӣ осеб хӯрдааст. Идороти дипломатӣ дар Либия ҳадафи ҳамлаҳо қарор доранд, ки як ҳамлаи умдааш ба намояндагии Амрико дар шаҳри шарқии Бенғозӣ дар моҳи сентябр буд. Дар он ҳамла сафири Амрико ва 3 амрикоии дигар кушта шуданд. Аммо бомбгузории имрӯза нахустин ҳамлаи ҷиддӣ ба идороти хориҷӣ дар пойтахти Либия – Триполӣ- дар пайи ҷангест, ки ду сол пеш Муаммар Қаззофиро суқут дод.
XS
SM
MD
LG