Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҷа Парвиз Ашрафро ба интихобот роҳ доданд


Роҷа Парвиз Ашраф
Роҷа Парвиз Ашраф
Додгоҳи Покистон ба собиқ сарвазири ин кишвар Роҷа Парвиз Ашраф иҷозат дод, дар интихоботи умумии ин кишвар сабқат кунад. Додгоҳи олии минтақаи Лоҳур лағви номзадии ӯро беасос номид. Моҳи равон додгоҳи минтақаи Гуҷархони вилояти Панҷоб номзадии Ашрафро аз рӯйхати номзадҳо берун кашид, зеро рақибонаш ӯро бо фасод муттаҳам мекарданд. Ӯ номзад аз ҳизби мардумии Покистон аст. Ашраф моҳи июни соли гузашта ба мақоми сарвазири Покистон пешбарӣ шуда буд. Он замон додгоҳ Юсуф Ризо Гилониро аз курсии сарвазир маҳрум кард, зеро ӯ аз ҳукумати Швейтсария таҳқиқи қазияи дар фасод даст доштани президенти Покистон Осиф Алӣ Зардориро талаб накард.
XS
SM
MD
LG