Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳи оҳани тоҷик айбномаи Русияро қабул надорад


 Усмон Қаландаров
Усмон Қаландаров
Рӯзи душанбе муовини раиси корхонаи воҳиди давлатии роҳи оҳани Тоҷикистон Усмон Қаландаров ба Радиои Озодӣ гуфт, расонаҳои Русия камбудиҳои қатори роҳи оҳани Тоҷикистонро аз ҳад зиёд нишон додаанд. Усмон Қаландаров иддаои муовини сарвазири Русия Дмитрий Рогозинро, ки шаҳрвандони Тоҷикистонро бо паспорти дохилӣ бо қатор сафар мекунанд, бепояву асос хонд. Ӯ гуфт, “қабл аз вуруд ба Русия қатори роҳи оҳани Тоҷикистон Узбакистону Туркманистонро убур мекунад, ки бо Тоҷикистон режими раводид доранду мусофирони тоҷикро танҳо бо шиносномаи хориҷӣ ба кишварҳояшон роҳ медиҳанд”.
Дар ҷавоб ба танқиди вазъи беҳдоштии қатори роҳи оҳан, ки раиси идораи Роспотребсоюзи Русия Геннадий Онишенко дар бораи он ҳарф задааст, мансабдори роҳи оҳани Тоҷикистон мегӯяд, ҳоло мавсими сафар ба Русия асту ҳар қатори роҳи оҳан аз 850 то 860 мусофир дорад ва табиист дар давоми чору ним рӯзи сафар онҳо дар дохили вагонҳо ҳам хоб мераванд, ҳам тановули ғизо мекунанд, ки боиси пайдоиши бӯйи номатлуб дар вагонҳо мешавад. Бар илова Қаландаров мегӯяд, то ҳанӯз ягон мусофир аз ғизои ресторанҳои қатори роҳи оҳан бемор нашудааст.
XS
SM
MD
LG