Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъсиси ҷоиза барои рӯзноманигорон дар Кӯлоб


Ҳукумати шаҳри Кӯлоб ҷоизаи ба номи Қувваталӣ Холов, рӯзноманигори маъруфи маҳалиро таъсис додааст. Ин ҷоиза, ки аз 500 долари амкрикоӣ иборат аст, ҳар сол дар рӯзи зодрӯзи ин рӯзноманигор дар рӯзи 20-уми май ба онҳое дода мешавад, ки беҳтарин маводи таҳлилӣ аз ҳаёти иқтисоди-иҷтимоии Кӯлоб иншо кардаанд.
Сӯҳробшоҳи Фаррухшоҳ, сухангӯи шаҳрдори Кӯлоб гуфт: «Ҳадафи таъсиси ҷоиза, шод кардани рӯҳи ин рӯзноманигор аст, ки солҳои тӯлонӣ бо қалами хеш дар хидмати мардум қарор дошт. Ин ҷоиза дар се бахш, матбуот, радио, телевизион ба нафароне дода мешавад, ки маводҳои таҳлилӣ аз ҳаёти иҷтимоӣ-иқтисодии шаҳр менависанд ва ба ҳайати ҳакамони озмун пешниҳод мекунанд.»

Қуваталӣ Холов, аз рӯзноманигороне буд, ки дар замони шӯравӣ сармуҳаррири ҳафтаномаи «Роҳи ленинӣ», ҳафтаномаи ҳизби комунистӣ дар собиқ вилояти Кӯлобро буд. Ҳамчунин, муаллифи беш аз даҳ китоби илмиву бадеӣ мебошад. Ӯ соли гузашта дар сини 75 солагӣ аз дунё даргузашт.
XS
SM
MD
LG