Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рамазон Раҳимов бо волидони Малика ва Сабина мулоқот кард


Вазири умури дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов рӯзи ҷумъа бо волидони наврасони нопадидшуда Малика ва Сабина Араловаҳо мулоқот намуд. Тибқи иттилои Дафтари матбуоти вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ҷаноби Раҳимов ба гуруҳи оперативӣ дастур додааст, ки ваҷҳҳои пешниҳоднамудаи падару модари ноболиғонро ба итобат гирифта, дар муддати кутоҳ санҷида ва аз натоиҷи он гузориш таҳия намоянд. Раҳбарии гуруҳи оперативӣ-ҷустуҷӯии ин ноболиғонро муовини аввали вазири умури дохилии Тоҷикистон генерал-майор Орифов ба ӯҳда дорад.

Малика ва Сабина Араловаҳо, сокинони хиёбони Айнии шаҳри Душанбе, рӯзи 25 март аз назди манзили худ ғайб заданд. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон барои ҷустуҷӯи онҳо як гурӯҳи вижаи ҷустуҷӯӣ таъсис дод, аммо то ба ҳол натиҷае ба даст наомадааст.
XS
SM
MD
LG