Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зане дар Маскав талош кард худро оташ занад


Дар Маскав дар назди даромадгоҳи аслии маркази телевизитонии “Останкино” як зани номаълум талош кардааст худро оташ занад.

Вай бензинро аз сараш рехтааст ва акун мехостааст, оташро рӯшан кунад, ки пулиси дарбон худро ба вай расондаст ва аз ин кор пешгирӣ кардааст.

Пулис мегӯяд, занро аз назди даромадгоҳи «Останкино» рост ба шифохонаи бемориҳои равонӣ бурдаанд. Дар бораи сарнавишти баъдии вай ва сабаби талоши худсӯзӣ маълумот дода нашудааст.
XS
SM
MD
LG