Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама ба шаҳри ғамзадаи Бостон омад


Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, ба хотири гиромӣ доштани хотираи қурбониёни ҳамлаи террористӣ дар шаҳри Бостон ба ин шаҳр омад. Ӯ дар маросими гиромидошти хотираи се қурбонии ин ҳамлаи террористии рӯзи душанбе суханронӣ хоҳад кард. Дар он рӯз ба асари таркиши пайиҳами ду бомб ҳангоми дави марафони шаҳри Бостон 170 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд. Маъмурони амниятӣ мегӯянд, акси яке аз бомбгузорони эҳтимолиро аз камераҳои маҳалли ҳодиса пайдо кардаанд. То кунун касе дар робита ба ин амали террористӣ бадтарин пас аз ҳамлаҳои 11-уми сентябри соли 2011 дар Амрико боздошт нашудааст. Ба гуфтаи мақомот, бомби худсохтро бо истифода аз дегҳои бухорӣ омода кардаанд.
XS
SM
MD
LG