Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иморот 7 танро барои иртибот бо Ал-Қоида дастгир кард


Мақомоти Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ҳафт нафарро бо иттиҳоми иртибот бо шабакаи террористии Ал-Қоида боздошт кардаанд. Хабаргузории иморот рӯзи панҷшанбе гузориш дод, ки ин афрод шаҳрвандони кишварҳои гуногуни арабӣ ҳастанд ва “амалҳоеро тарҳрезӣ мекарданд, ки ба амнияти кишвар, шаҳрвандон ва хорриҷиёни муқими он осеб мерасонд.” Дар баёнияи расмии интишоршуда, омадааст, ки ин гурӯҳи ҳафтнафарӣ, барои Ал-Қоида аъзо ҷалб мекардаанд, ба ин шабака пул медодаанд ва саъй доштаанд, ки “фаъолияташонро дар баъзе аз кишварҳои минтақа густариш диҳанд.” Дар ин баёния омадааст, ки ҳамаи ин афрод ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG