Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар фалокати Тексас 15 нафар кушта шудаанд


Мақомоти расмии аёлати Тексаси Амрико мегӯянд, мумкин аст, бар асари таркиши қавӣ дар корхонаи нуриҳои минералӣ дар наздикии шаҳри Вако 15 нафар ҳалок шудаанд. Вилмя Патрик Свантон, афсари пулиси ин шаҳр, ба хабарнигорон гуфт, бештар аз 160 нафар дар ин таркиш захмӣ шудаанд. То ҳол маълум нест, сабаби таркиш дар ин корхона чӣ бошад. Томми Муска, шаҳрдори Вако гуфт, бар асари инфиҷори қавӣ дасти кам 50 хона вайрон шудааст. Қабл аз инфиҷор, корхона оташ гирифтааст ва чанд маъмури оташнишонӣ бенишон шудаанд. Ҷустуҷӯи қурбониён идома дорад. Дар наворҳои видеоӣ аз маҳалли ҳодиса, таркиши азиму, забонаҳои бузурги оташ ва фавҷи дуд дида мешавад. Ба гуфтаи табибон, баъзе аз афрод захмҳои сӯхтаи ҷиддӣ доранд. Маркази зилзиласанҷии Амрико мегӯяд, таркиш, маҳаллҳои наздик ба ҳодисаро ба ҳадди 2,1 дараҷаи ҷадвали Рихтер такон додааст.
XS
SM
MD
LG