Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаторҳои Тоҷикистонро дар марз шадидтар тафтиш мекунанд


Дар марзи миёни Русияву Қазоқистон ба хотири тафтиши қаторҳое, ки аз Тоҷикистон ба Русия мераванд, гузаргоҳи нав бунёд хоҳад шуд. Дар ин бора хабаргузории Интерфакс бо такя ба изҳороти муовини раиси Хадамоти марзбонии Хадамоти федеролии амнияти Русия Владимир Мочалов дар нишасти Комиссиюни давлатии марзӣ таҳти раёсати муовини нахуствазир Дмитрий Рогозин иттилоъ додааст.

Ба гуфтаи Мочалов, баъд аз тафтиши гузаргоҳи “Оқсарой 1” дар вилояти Астрахан аз сӯи муовини нахуствазир, ба Хадамоти марзбонӣ ва ширкати Роҳи оҳани Русия дастур дода шуд, ки баъд аз ҷудо кардани маблағи зарурӣ аз буҷа ин гузаргоҳ навсозӣ ва бо таҷҳизоти зарурии назорат ва мухобирот муҷаҳҳаз шавад.

Бо вуҷуди ин, афзуд Владимир Мочалов, ҳалли асосии мушкили тафтиши қаторҳои роҳи оҳан, ки аз Тоҷикистон сӯи Русия мераванд, интиқоли гузаргоҳ ба марзҳои берун аз Иттиҳодияи гумрукист. Ба ин хотир пешниҳод шудааст, ки дар марзи миёни Қазоқистону Русия дар хатти марз истгоҳи хурди Малий Арал ба истгоҳи бузург табдил дода ва дар он гузаргоҳи нави роҳи оҳан таъсис шавад. Ба гуфтаи Владимир Мочалов, айни ҳол гузаргоҳи марзӣ аз хатти марз даҳҳо километр дур ҷойгир шудааст ва ин ба бархе гурӯҳҳои ҷиноӣ имкон медиҳад, ки дар ин минтақа борҳои ғайриқонуниро холӣ ва дар бозгашт дигар борҳоро ба қаторҳо андозанд. Ӯ ҳамчунин ба ширкати Роҳи оҳан ва вазорати нақлиёт пешниҳод намуд, ки ба рӯйхати ҳаракати қаторҳо тағйирот ворид кунанд то онҳо фақат рӯзона аз ин минтақаи “бесоҳиб” убур намоянд.
XS
SM
MD
LG