Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мадуро бо бартарии андак дар интихобот пирӯз шуд


Дар интихоботи ғайринавбатии президентӣ дар Венесуэла раҳбари муваққати кишвар Николас Мадуро бо бартарии андак пирӯз шуд. Раисиҷумҳури пешин Уго Чавес қабл аз даргузашт Мадуроро ҷойгузини худ эълон карда буд.

Бар пояи иттилои Шӯрои миллии интихоботӣ, ба Мадуро 50,8 дар сади интихобкунандагон раъй додаанд. Аз рақиби ӯ – номзади ягонаи мухолифин Энрике Каприлес 49,1 дар сади афроди соҳиби ҳаққи раъй пуштибонӣ кардаанд.

Каприлес аз эътирофи натиҷаҳои раъйдиҳӣ сарпечӣ кард ва хостори такроран баршумурдани овозҳо шуд.

Николас Мадуро дар ҷараёни маъракаи интихоботии худ ваъда дода буд, ки сиёсати Уго Чавесро идома медиҳад. Тарҳе, ки аз сӯи Чавес “Сотсиализми қарни 21” номгузорӣ шуда буд, ташдиди назорати давлатӣ аз болои иқтисод ва боло бурдани масрафот барои кӯмак ба қишрҳои фақири кишварро дар назар дорад.

Энрике Каприлес изҳор намуд, ки режими қаблӣ Венесуэларо ба харобазор табдил кардааст ва даъват кард, ки сиёсати кишвар тағйир дода шавад.
Раисиҷумҳури пешини Венесуэла Уго Чавес рӯзи 5 март аз олам даргузашт.
XS
SM
MD
LG