Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Салиби Сурх боздид аз зиндонҳои Узбакистонро қатъ кард


Кумитаи Байналмиллалии Салиби Сурх боздид аз зиндонҳои Узбакистонро қатъ кардааст. Ивес Даккорд-раиси умумии ин созмон рӯзи ҷумъа дар сафҳаи Twitter-и худ навишт, ки онҳо ҳамаи боздидҳои худ аз зиндонҳои Узбакистонро қатъ кардаанд.

Даккорд навиштааст, “боздидҳои мо бояд таъсири башарӣ гузорад ва музокира бо мақомот бояд созанда бошад. Вале чунин кор бо Узбакистон бефоида аст”. Даккорд мегӯяд, тасмим дар бораи даст кашидан аз боздиди зиндониён барои онҳо кори осон набудааст.

Кумитаи Байналмиллалии Салиби Сурх дар бораи боздиди зиндониён соли 2001 бо Тошканд қарордод имзо карда буд. Вале ҳар гоҳ, ки ҳайатҳои ин созмон бихоҳанд аз зиндонҳо боздид ва бо онҳо мулоқот кунанд, мақомоти Узбакистон ба онҳо мушкилӣ пеш меоранд.
XS
SM
MD
LG