Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беҳбуди равобити Шветсия ва Беларус


Шветсия мегӯяд, ҳузури дипломатиаш дар Беларусро барқарор мекунад. Моҳи августи соли гузашта баъди партоби хирсакҳои махмалин дар ҳарими ҳавоии Беларус, ки аз тарафи як ширкати шведӣ ҳамчун эътироз ба поймолшавии ҳуқуқи башар дар ин кишвар амалӣ шуда буд, мақомоти Минск сафири Шветсияро ихроҷ намуданд. Вазири корҳои хориҷии Шветсия Карл Билдт иброз доштааст, ки феълан як дипломат ба Беларус бармегардад ва баъд аз он сафири Шветсия низ ба он ҷо хоҳад рафт. Баъди ҷанҷоли марбут бо партоби хирсакҳо президенти Беларус Александр Лукашенко вазири корҳои хориҷии ин кишварро аз вазифа сабукдӯш кард. ИМА Беларусро охирин диктатураи Аврупо меномад.
XS
SM
MD
LG