Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кори дафтарҳои СММ дар Душанбе аз сар гирифта шуд


Кормандони намояндагиҳои Созмони Милал дар шаҳри Душанбе, ки баъди нисфирӯзии ҷумъа то рӯзи душанбе бо назардошти далоили амниятӣ ба таътили маҷбурӣ, фиристода шуданд, дигарбора ба кор баргаштаанд. Манобеъи Радиои Озодӣ дар дафтарҳои Созмони Милал дар Душанбе гуфтанд, ки ба онҳо амр шудааст, ки ба кор баргарданд, зеро хатаре ба амнияти онҳо таҳдид намекунанд. Пештар аз ин дар рӯзи душанбе як манбаъ дар дафтари UNDP, дар Барномаи Рушди Созмони Милал ба Радиои Озодӣ гуфт, ки пас аз тазоҳуроти гурӯҳи ҷавонони хашмгин дар назди дафтари ҳамин созмон рӯзи ҷумъа аз онҳо хостаанд, дафтарро тарк кунанд ва то замони фармони баъдӣ ба кор ҳозир нашаванд. Манбаи Радиои Озодӣ, гуфт, ки сабаби ин тасмим эътирози гурӯҳе аз сокинони Душанбе будааст, ки шоми ҷумъа, 5 апрел дар муқобили сохтмони СММ дар хиёбони Айнӣ таҷаммӯъ карданд. Дар он рӯз даҳҳо нафар дар назди дафтари UNDP ва ҳамчунин сафорати Амрико дар Душанбе ҷамъ омада ва алайҳи раҳоии Абдумалик Абдуллоҷонов, нахуствазири собиқи Тоҷикистон эътироз карданд. Абдумалик Абдуллоҷоновро, ки бештар аз ду моҳ дар боздоштгоҳе дар Украина нигаҳ дошта мешуд, ба далели ҳаққи паноҳандагӣ доштанаш дар Амрико амри додситонии Украина раҳо карданд. Мақомоти интизомии Тоҷикистон, ӯро ба талош барои ғасби қудрат ва куштор муттаҳам мекунанд ва аз Украина хоста буданд, ки ӯро ба Тоҷикистон истирдод кунад. Идораи Созмони Милал дар умури паноҳандагон аз мақомоти Украина хоста буд, ки Абдуллоҷоновро ба Тоҷикистон истирдод накунад.
XS
SM
MD
LG