Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзноманигори руси фаъоли ҳуқуқи башар даргузашт


Михаил Бекетов
Михаил Бекетов
Рӯзи душанбе дар шаҳри Химкии наздикии шаҳри Маскав Михаил Бекетов-сардабири пешини рӯзномаи "Химкинская правда" даргузашт. Вай яке аз фаъолтарин мудофеони ҳимоят аз ҷангали Химкӣ буд.

Ба вай барои фаъолиятҳои иҷтимоӣ ва дифоъ аз ҳуқуқи башар борҳо таҳдид карда буданд. Соли 2008 мошини вайро тарконданд. Баъд аз чанд моҳи ин ҳодиса вайро шахсони номаълум сахт лату кӯб карданд.

Дар ҷараёни муолиҷа як пой ва чанд панҷаи дасташро, ки дар ин лату кӯб осеб дида буд, буриданд ва пораҳои устухонро аз косахонаи зарбхӯрдаи сараш берун оварданд.
Вай чанд сол наметавонист гап занад. Танҳо дар оғози соли 2011 баъзе калимаҳоро талафуз мекард. То ҳол расидагӣ ба парвандаи лату кӯби вай ба поён нарасидааст.
XS
SM
MD
LG