Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон мегӯяд, бояд ҳаққи онро эътироф кунанд


Саид Ҷалилӣ, музокиракунандаи аршади ҳастаии Эрон, мегӯяд, қудратҳои ҷаҳонӣ агар мехоҳанд, ки дар музокироти оянда пешрафт ҳосил шавад, бояд ҳаққи Эрон барои ғанисозии ураниумро эътироф кунанд. Саид Ҷалилӣ дар ин бора дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон ва дар остонаи даври нави музокироти Эрон бо шаш қудрати ҷаҳонӣ сухан гуфт, ки қарор аст рӯзи ҷумъаву шанбе баргузор шавад. Ӯ афзуд, ки Эрон баъди интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар моҳи июн аз ҳаққи худ барои ғанисозии ураниум бо азми бештар дифоъ хоҳад кард. Дар музокироти ҳастаӣ, Амрикову Русия, Чину, Бритониё ва Фаронсаву Олмонро Кетрин Эштон, масъули умури сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо намояндагӣ мекунад. Қудратҳои ҷаҳонӣ бим доранд, ки Эрон зери пардаи барномаҳои сулҳомези ҳастаӣ, бомби атомӣ месозад. Эрон пайваста гуфтааст, ки барномаҳои атомиаш танҳо ба хотир тавлиди нерӯи барқ ва пажӯҳишҳои тиббӣ аст.
XS
SM
MD
LG