Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теъдоди қурбониёни ҳамла ба Фароҳ ба 53 нафар расид


Теъдоди қурбониёни ҳамла ба маркази вилояти Фароҳи Афғонистон ба 53 нафар расид. Ба гуфтаи Наҷиб Дониш, муовини сухангӯи вазорати умури дохилаи Афғонистон, дар ин ҳодиса 34 сокини осоишта, 6 низомӣ ва 4 корманди пулис ба ҳалокат расиданд. Бар асари даргирӣ ва инифиҷори бомб 9 тан аз ҳамлагарон ҳам кушта шудаанд. 91 нафар ҷароҳат бардоштаанд, ки аксари онҳо мардуми ғайринизомиянд. Мақомоти вилояти Фароҳ мегӯянд, гурӯҳи маргталабон худро мунфаҷир карданд ва ба думболи ин тирандозии шадид ба вуқуъ пайваст, ки 7 соат идома дошт.

Даргирӣ замоне рух додааст, ки дар додгоҳи вилояти Фароҳ мурофиаи 13 ҷанҷӯи толиб мегузашт. Ба нафаре аз онҳо фирор аз додгоҳ муяссар нашудааст. Ба иттилои расмӣ, дар ин ҳамла бинои бонк ва идораи волии вилоят осеб дидаанд. Масъулияти ҳамларо ҷунбиши "Толибон" бар ӯҳда гирифт.
XS
SM
MD
LG