Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шимол коргарони Ҷанубро ба боғи муштарак иҷоза намедиҳад


Коргарони Ҷануб дар назди гумруки Шимол
Коргарони Ҷануб дар назди гумруки Шимол
Мақомоти Кореяи Ҷанубӣ мегӯянд, Кореяи Шимолӣ намегузорад, ки аз коргарони кишвари Ҷануб ба боғи саноатии Каесонг роҳ ёбанд. Ин Боғи муштарак дар қаламрави шимол ҷой гирифтааст ва коргарони ҳар ду тараф дар он ҷо кор мекунанд.

Сухангӯи вазорати ягонагии Ҷануб рӯзи чаҳоршанбе гуфт, ки коргарон иҷоза дода шудаанд, ки аз Каесонг ақиб ба Кореяи Ҷанубӣ баргарданд, вале ба онҳо иҷоза надодаанд, ки дохили ин боғи саноатӣ шаванд.

Сухангӯи вазорат ин тасмими Шимолро хеле таассуфовар арзёбӣ кард ва гуфт, нигаронии аслии ҷануб аз амнияти 850 кормандаш аст, ки дар Каесонг кор мекунанд.
Баъд аз анҷоми севвумин озмоиши ҳастаии Кореяи Шимолӣ ҳоло вазъ дар нимҷазираи Корея ташдид ёфтааст.
XS
SM
MD
LG