Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Евкуров: Сарвазири маро тӯҳмат мезананд


Юнусбек Евкуров
Юнусбек Евкуров
Раҳбари ҷумҳурии Ингушистони Русия иддаоҳо дар бораи гӯё ба чирикиҳо пул пардохтани сарвазирашро “иғво” номид. Юнусбек Евкуров гуфт, мусоҳиба бо як ҷангии собиқ, ки шабакаи аввали телевизиони Русия нашр кард, ба интихоботи моҳи сентябри раёсати Ингушистон рабт дорад. Дар мусоҳибае, ки шоми якшанбе нашр шуд, як ҷангии собиқ иддао кард, ки раҳбари чирикиҳои Қафқози шимолӣ Доку Умаров ҳар моҳ дар ивази ваъдаи ҳимояташ аз ҳамлаи чирикиҳо аз сарвазири Ингуштистон Мӯсо Чилиев 1 миллион доллар мегирифт. Ҳар сол аз ҳамлаи ҷангиёни исломӣ дар Қафқози шимолӣ даҳҳо афсари пулису мақомоти маҳаллӣ ва рӯҳониёни мӯътадил кушта мешаванд.
XS
SM
MD
LG