Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Содироти барқ ба Афғонистон 3 маротиба меафзояд


Тоҷикистон мехоҳад ба хотири коҳиш додани талафоташ аз исрофи беҳудаи об содироти барқ ба Афғонистонро имсол қариб 3 маротиба биафзояд. Бино ба хабарҳо, “Барқи Тоҷик” қасд дорад, имсол дар мавсими гармо ба ин кишвари ҳамсоя 1,9 миллиард киловатт-соат нирӯи барқ бифурӯшад. Тоҷикистон соли гузашта содироти нирӯи барқашро 2,5 маротиба афзуда, ба 666,7 миллион киловатт-соат расонд ва аз ин ҳисоб 21,1 миллион доллар ба даст овард. 90 дарсади ин содирот ба Афғонистон сурат гирифтааст. Соли гузашта ба иллати исрофи об Тоҷикистон натавонистааст беш аз 6 миллиард киловатт-соат нирӯи барқ, яъне ду маротиба бештар аз ҳаҷми барқе, ки худи Тоҷикистон дар фасли сармо ниёз дорад, тавлид кунад. Содироти ин миқдори барқ метавонист ба Душанбе қариб 200 миллион доллар биорад.
XS
SM
MD
LG