Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти собиқ корманди милиса бо силоҳу муҳимот


Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон зимни як амалиёт дар қаламрави ноҳияи Рашт (150 километрии шарқи пойтахти Тоҷикистон) ду нафарро боздошт карданд, ки дар макони зисташон силоҳу муҳимоти ҷангӣ доштаанд.

Дафтари матбуоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон рӯзи ҷумъаи 29 март иттилоъ дод, ки дар паи як амалиёти кормандони бахши амният ва корҳои дохилии ноҳияи Рашт сокини ин ноҳия Абдулҳамид Шоҳиҷангов ва сокини шаҳри Душанбе Искандар Замонов боздошт шуданд, ки ҳангоми кофтуков аз маҳали будубоши онҳо як туфангчаи тамғаи «Макаров» бо 3 тирдон, як миқдор тирҳои карабин, 4 норинҷаки «РДГ-5» ва 8 бастаи ҳашиш дарёфт ва мусодира гардид.

Дафтари матбуоти КДАМ мегӯяд, ҳангоми бозпурсӣ Абдулҳамид Шоҳиҷангов, сокини ноҳияи Рашт, эътироф кардааст, ки қаблан дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон фаъолият доштааст.

Айни ҳол дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтиш ҷараён дорад.
XS
SM
MD
LG