Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нелсон Мандела дигарбора бемор шудааст


Нелсон Мандела, раиси ҷумҳури собиқи Африқои Ҷанубиро бинобар сирояти дубораи шушаш дар шифохона бистарӣ кардаанд. Дафтари раёсати ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ эълом кард, ки Нелсон Манделаро рӯзи чаҳоршанбе ба шифохона бурдаанд, вале бештар аз ин чизе нагуфт. Манделаи 94-соларо моҳи декабри соли гузашта се ҳафта аз бемории сироятии шуш муолиҷа карда ва аз роҳи ҷарроҳӣ санги гурдаҳояшро гирифтанд. Ӯ ки барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел ҳам шудааст, барои муборизааш бар зидди нажодпарастӣ, дар аҳди ҳукмронии сафедпӯстҳо дар Африқои Ҷанубӣ, 27 сол дар зиндон буд. Баъди раҳоиаш дар соли 1990, Нелсон Мандела соли 1994 дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ пирӯз омад ва нахустин раиси ҷумҳури сиёҳпӯсти Африқои Ҷанубӣ шуд. Нелсон Мандела ба хотири ташвиқи мусолиҳа миёни сиёҳпӯстон ва сафедпӯстҳо дар кишвараш дар саросари ҷаҳон шӯҳрат ёфт.
XS
SM
MD
LG