Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беш аз 12 кило маводи мухаддир дар пойтахт мусодира шуд


Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, зимни гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе шаҳрванд Исломов Саъдиҷон Қурбоналиевич, соли таваллудаш 1984, сокини ноҳияи Восеи вилояти Хатлон, ҳамчун гумонбар дар ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи мухаддир дастгир гардид, ки ҳангоми кофтукови борхалтааш 12 килою 280 грамм ҳашиш дарёфт ва мусодира карда шуд.

«Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад», - хабар медиҳад манбаъ.
XS
SM
MD
LG