Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дарҳои бастаи бонкҳои Қибрис боз мешаванд


Қарор аст, сар аз имрӯз бонкҳои Қибрис, ки ду ҳафта боз баста буданд, дарҳои худро ба рӯи мизоҷони хеш боз кунанд. Бонки Марказии Қибрис гуфт, ки бонкҳои тиҷоратӣ баъди нисфирӯзӣ ба кор шурӯъ мекунанд ва мизоҷон ҳақ надоранд, ки дар як рӯз бештар аз 300 евро бигиранд. Бонкҳои гирифтори Қибрис аз тарси ба таври оммавӣ берун кашидани пасандозҳо аз онҳо ду ҳафта пеш корро мутаввақиф карданд. Бонки Марказии Қибрис ҳамчунин истифодаи чекро мамнӯъ ва истифодаи кортҳои кредитӣ дар хориҷ аз ин кишварро маҳдуд кардааст. Бино ба гузоришҳо, ба онҳое, ки ба хориҷ сафар мекунанд, пули нақдии муайян дода хоҳад шуд, на ба ҳадде ки худашон мехоҳанд. Қибрис ки ба мушкилоти молӣ гирифтор шудааст, баъди ваъдаи ислоҳот дар низоми бонкиаш, аз Сандуқи Байналмилалии Пул ва Иттиҳодияи Аврупо 10 миллиард евро кӯмаки молӣ гирифт ва аз варшикастагӣ эмин монд. Дар ивази ин кӯмак, аз амонатгузороне, ки дар бонкҳои Қибрис бештар аз 100 ҳазор евро доранд, молиёт ситонда хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG