Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири корҳои хориҷии Италия барои ду маллоҳи худ истеъфо дод


Ҷулио Терзӣ
Ҷулио Терзӣ
Ҷулио Терзи-вазири корҳои хориҷаи Италия аз мақоми худ истеъфо дод. Вай бар зидди тасмими ҳукумат дар бораи ба ҳукумати Ҳиндустон супурдани ду маллоҳи низомии итолёвӣ эътироз кард. Ин ду маллоҳро дар Ҳиндустон барои одамкушӣ муттаҳам кардаанд.

Ҷулио Терзи изҳор дошт, ки ба аломати ҳамраъйи бо маллоҳон ва барои ҳифзи шаъну шарафи Италия ба истеъфо меравад.

Соли 2012 ин ду маллоҳ ҳангоми навбатдорӣ ду моҳигирро роҳзан пиндоштанд ва иштибоҳан онҳоро парронданд. Ҳукумати Ҳиндустон ба онҳо иҷоза дод, ки барои ширкат дар интихобот ба ватанашон баргарданд. Он вақт Рум ваъда дода буд, ки онҳоро ҳатман ба Ҳиндустон бармегардонад.

Дар оғоз ҳукумати Италия нахост онҳоро баргардонад ва ин масъала ба моҷарои дипломатӣ мубаддал шуд. Вале ҳафтаи гузашта маллоҳонро ба Ҳиндустон доданд ва замонат гирифтанд, ки мурофиаи додгоҳии онҳо одилона хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG