Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари ногаҳонии Ҷон Керри ба Ироқ


Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико, бо як сафари аз пеш эълоннашуда вориди Бағдод пойтахти Ироқ шуд, то аз раҳбарони ин кишвар бихоҳад, барои хотима додан ба ҷанг дар Сурия ҳамкории бештар кунанд. Ҳамроҳони Ҷон Керрӣ ба хабарнигорон гуфтаанд, ки ӯ аз Нурӣ Ал-Моликӣ, нахуствазири Ироқ хоҳад хост, то ба парвози ҳавопаймоҳои Эрон, ки бо убури қаламрави ҳавоии Ироқ ба Сурия силоҳу мушовирони низомиро мебаранд, иҷоза надиҳад. Теҳрон мегӯяд, фақат ба Сурия кӯмакҳои башарӣ мефиристад. Интизор меравад, Ҷон Керрӣ ҳамчунин масъалаи демократисозӣ дар Ироқро баррасӣ кунад. Баъди расиданаш ба мақоми вазири умури хориҷии Амрико дар аввали ҳамин сол, бори аввал аст, ки Ҷон Керри ба Ироқ сафар мекунад.
XS
SM
MD
LG