Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистону Узбакистон роҷеъ ба об дар СММ баҳс мекунанд


Имрӯз дар Нию Йорк даври аввали Муколамаи Маҷмаи Умумии СММ роҷеъ ба ҳамкориҳо дар соҳаи об дар сатҳи баланд баргузор мешавад. Дар ин бора Сироҷиддин Аслов-намояндаи Тоҷикистон дар СММ ба радиои Озодӣ хабар дод. Оқои Аслов гуфт, дар ин муколама масъалаҳои мухталиф баррасӣ хоҳанд шуд:

“Истифодаи об тақрибан дар ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла дар соҳаи кишоварзӣ, энержӣ, саноат ва ҳам роҷеъ ба муҳити зист, умуман ҳамаи масъалаҳое, ки ба истифодаи об иртибот дорад, дар Нию Йорк баррасӣ хоҳанд шуд. Ин ибтидои муколама аст. Хотимаи он 20, 21, 22 август дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад”.


Дар муколамаи Нию Йорк ҳамаи кишварҳои узви СММ ширкат мекунанд. Аз Тоҷикистон нахуствазир Оқил Оқилов ба унвони раиси Кумитаи тадорукотии Конфронси байналмиллалии СММ роҷеъ ба ҳамкороиҳо дар соҳаи об суханронӣ ва мавзеъгирии кишвари ташаббускорро барои баррасӣ ба ширкаткунандагон пешкаш мекунад.

Муколамаи мазкур бар асоси қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ баргузор мешавад. Ин қатънома зери унвони “Тасдиқи соли байналмиллалии ҳамкориҳо дар соҳаи об” бо ташаббуси Тоҷикистон 22 декабри соли 2012 дар Нию Йорк ба тасвиб расида буд.
XS
SM
MD
LG