Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар арафаи Наврӯз қурби доллар боло рафт


Дар арафаи таҷлили ҷашни Наврӯз қурби доллари ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд ва дигар минтақаҳои кишвар тайи чанд рӯзи ҳафтаи равон рӯ ба афзоиш ниҳода, ба ҳисоби миёна 1 доллар ба 4,84-4,86 сомонӣ табодул мешавад.

Абдуғаффор Қурбонов, раиси дафтари матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон, 21 март ба радиои «Озодӣ» гуфт, ки ҳоло гарон шудани қурби доллар дар баробари сомонӣ андак аст ва ҳамагӣ 1 ё 2 сомониро ташкил медиҳад. Имрӯзҳо қурби миёнаи доллар дар нуқтаҳои мубодилаи асъори пойтахт 4,85-4,87 сомонӣ мебошад, дар шаҳри Хуҷанд 4,86-4,87 сомонӣ ва дар Қӯрғонтеппа 4,85-4,86 сомониро ташкил медиҳад.

Абдуғаффор Қурбонов афзуд, ки сабаби аслии баланд шудани қурби доллар ба оғози фасли кор вобаста аст. Акнун бо гарм шудани ҳаво шаҳрвандони кишвар кӯшиш мекунанд, ки ба хориҷи Тоҷикистон, хусусан ба Русия, барои дарёфти кор раванд ва аз ин рӯ, онҳо бо худ аслан доллар мебаранд. Тахмин меравад, ки дар мавсими муҳоҷирати шаҳрвандон қурби доллар дар баробари сомонӣ боз афзоиш ёбад. Аммо қурби пули миллии сомонӣ дар баробари арзҳои хориҷии дигар кишварҳо, ба мисли рубли русӣ ва евро, бетағйир боқӣ мемонад.
XS
SM
MD
LG