Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сурия аз СММ як куммиссиюни мустақил мехоҳад


Башор Ҷаъфарӣ
Башор Ҷаъфарӣ
Давлати Сурия аз дабири кулли СММ Бан Ки Мун таҳқиқи ҳамлаи кимиёии эҳтимолии чирикиҳо дар шимоли ин кишварро хостааст. Сафири Сурия дар СММ Башор Ҷаъфарӣ гуфт, Димишқ хостори таъсиси як куммиссиюни мустақили таҳқиқотӣ шуд. Сухангӯи СММ Мартин Несиркӣ гуфт, СММ ҳанӯз дархости расмие дар ин бора нагирифтааст. Давлати Башор Асад ва чирикиҳо дар ин ҳамлаи муҳлики рӯзи сешанбе якдигарро айбдор мекунанд. Эътилофи миллии мухолифини Сурия низ ба таҳқиқи байналмилалӣ даъват кард. Мақомоти Амрикову Аврупо мегӯянд, шавоҳиде нест, ки ба рух додани чунин ҳамла далолат кунад.
XS
SM
MD
LG