Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷирати корӣ роҳи ҳамгироии кишварҳо нест


Рӯзи сешанбе ширкаткунандагони ҳамоише дар Қирғизистон изҳор доштанд, ки 27 дарсади шаҳрвандони Қирғизистону Тоҷикистон дар муҳоҷирати тӯлонӣ қарор доранд. Ин ҳамоиш зери номи “Қирғизистон дар роҳ ба сӯи ҳамгироӣ бо Авруосиё” баргузор шуд.

Дар ҳамоиш ёдоварӣ карданд, ки Тоҷикистону Қирғизистон содиркунандаи муҳоҷирони корӣ ба Русия ва Қазоқистон ба шумор мераванд. Вале ширкаткунандагони ҳамоиши Бишкек муҳоҷиратро роҳи ҳамгироӣ намешуморанд. Онҳо дар ин маврид Амрикову Филиппинро намуна оварданд.
XS
SM
MD
LG