Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифони Сурия нахуствазир интихоб карданд


Гуруҳҳои умдаи мухолифони давлат дар Сурия рӯзи 19-уми март, нахуствазир барои раҳбарии ҳукумати муваққат дар ин кишварро интихоб карданд.
Мухолифони Сурия рӯзи сешанбе дар Истанбули Туркия, Ғассон Ҳитторо ба ҳайси нахуствазир баргузиданд. Интизор меравад Ғассон Ҳитто дар рӯзҳои наздик ҳукумати муваққатро таъсис диҳад. Эътилофи миллии мухолифони Сурия умедвор аст, ки ҳукумати муваққат ба раҳбари Ҳитто манотиқеро дар Сурия мудирият кунад, ки таҳти контроли шӯришиён қарор доранд ва ҳам фаъолияти онҳоро ҳамоҳанг созад. Таҳлилгарон мегӯянд, то ҳол маълум нест оё шӯришиёне ки бар зидди нерӯҳои Асад дар Сурия меҷанганд, оқои Ҳитторо ба унвони раҳбари ҳукумати муваққати ин кишвар мепазиранд ё на. Ғассон Ҳитто соли 1963 дар Димишқ ба дунё омада ва барои чандин даҳа дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико зиндагӣ кардааст. Аз оғози қиёмҳои мардумӣ алайҳи режими Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия дар ду соли пеш, то кунун дар ин кишвар бештар аз 70 ҳазор кушта шудаанд ва миллионҳо нафар аз хонаҳои худ гурехтаанд
XS
SM
MD
LG