Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як муттаҳам ба қатли хабарнигори амрикоӣ дастгир шуд


Маъмурони амниятии Покистон мегӯянд, як тундраверо боздошт кардаанд, ки эҳтимолан дар қатли Даниел Перл, хабарнигори амрикоӣ дар соли 2002 даст дорад. Ба гуфтаи мақомот, Қорӣ Абдул Ҳайро рӯзи якшанбе дар шаҳри Карочӣ дастгир кардаанд. Ин фард, ки бо номи Асадуллоҳ низ мешиносандаш, дар гузашта раҳбари ҳалқаи Лашкари Ҷангӣ дар вилояти Синди Покистон будааст. Иртиботи Қорӣ Абдул Ҳай ба қатли Даниел Перлро ҳанӯз шарҳ надодаанд, ки ӯ раҳбари дафтари рӯзномаи мӯътабари Волл Стрит Ҷорнал буд ва баъди рабуданаш дар рӯзи 23 январи соли 2002 дар шаҳри Карочӣ кушта шуд.
XS
SM
MD
LG