Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тасвиби эъломияи мубориза бо хушунат алайҳи занон


Кишварҳои мусалмониву ғарбӣ эъломияи нави СММ-ро тасвиб карданд, ки мубориза бо хушунат алайҳи занону духтаронро ба ҳадаф дорад. Ин эъломия, ки аз сӯи Куммиссиюни мақоми занони СММ бо иттифоқи оро тасвиб шуд, вале иҷрояш ҳатмӣ нест, мегӯяд, ягон "анъана, суннат ё мулоҳизоти динӣ” набояд хушунат алайҳи занонро тавҷеҳ ё сарфи назар кунад. Эъломия ҳамчунин кишварҳоро ба таъмини занону духтарон бо таълими муоширати ҷинсӣ ва роҳҳои ҷилавгирӣ аз ҳомилагӣ даъват мекунад. Ин эъломия рӯзи ҷумъа бо вуҷуди норозигии калисои католикии Рум, Русия ва кишварҳои дигар тасвиб шуд. Миср, ки қудрати бештари сиёсиаш дар дасти гурӯҳи мазҳабии Ихвонулмуслимин қарор дорад, гуфт, ин санад “ҷомиаро ба ҳам мезанад.” Ҳомиёни ҳуқуқи зан мегӯянд, тасвиби эъломия як амри бесобиқа ва муҳим дар роҳи талошҳо барои таъмини ҳуқуқи зан дар саросари ҷаҳон аст. Дар музокироти ин масъала ҳудуди 190 кишвар ширкат доштаанд.
XS
SM
MD
LG