Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Табибон мегӯянд, чашмони Филин сиҳат мешавад


Табибони олмонӣ мегӯянд, мумкин аст, чашмони Сергей Филин, мудири ҳунарии Болшой Театри Русия дуруст шавад ва ӯ ба кораш баргардад. Моҳи феврал дар шаҳри Маскав ба рӯи Сергей Филин кислота ва ё туршӣ пошида чашмону сураташро сузонданд. Мартин Ҳермел, табиби Бемористони Донишгоҳи Аахени Олмон, рӯзи ҷумъа гуфт, ғолибан Сергей Филин ба қадри кофӣ хоҳад дид ва метавонад, ба кораш дар Болшой Театр, аз театрҳои маъруфи Русия идома бидиҳад. Аммо гуфт Мартин Ҳермел, барои таботат чанд моҳи дигар лозим мешавад. Худи Филин дар нишасти хабарӣ гуфт, бесаброна мунтазири бозгашт ба кораш аст. Се нафар, аз ҷумла як раққоси машҳури Болшой Театрро дар робита ба ҳамла ба Сергей Филин боздошт кардаанд.
XS
SM
MD
LG