Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвои нируҳои мухолифони Арманистон натиҷа надод


Додгоҳи Қонуни Асосии Арманистон даъвои раҳбарони нируҳои мухолифи ин кишварро рад кард. Ин нируҳо бар зидди натиҷаҳои интихоботи раёсати ҷумҳурии 18 феврал ба додгоҳ шикоят бурда буданд.

Раффӣ Ҳованнисён-раҳбари ҳизби “Мерос” ва Андриас Ғукасиён-сиёсатмадори арман 4 март эътирози ин нируҳоро ба додгоҳ супурданд. Вале Додгоҳи Қонуни Асосӣ тасмими Комиссияи марказии интихоботии Арманистонро дар бораи натиҷаҳои интихобот соҳиби эътибор донист.

Дар ин интихобот Серж Саркисён барои давраи дуввум раиси ҷумҳур интихоб шуд.
XS
SM
MD
LG