Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз дар Ватикан рӯзи ниҳоии интихоби попи нави католикҳост


Даври дуввуми райдиҳӣ дар интихоби попи нави Рум натиҷа надодааст. Субҳи имрӯз низ аз дудкаши Калисои католикҳои Рум дуди сиёҳ сар доданд ва ин бад-он маъност, ки кардиналҳо натавонистаанд бо шумораи кофии оро попи худро интихоб кунанд.

Барои интихоби поп аз 115 кардинал бояд дастикам 77 нафар ба ҷонибдории як нафар рай диҳанд.

Агар аз дудкаши калисо дуди сафед сар диҳанд, он ишора ба интихоби попи нав хоҳад буд. Вале то ҳол дар майдони Ватикан ҳаводорон дуди сафедро мунтазиранд.

Интизор меравад, ки рӯзи чаҳоршанбе райдиҳӣ дар чаҳор давр анҷом бигирад ва соати 7 шоми вақти Ватикан ба поён расад.

Ҳоло дар ҷаҳон 1 миллиарду 200 миллион нафар аз калисои католикҳои Рум пайравӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG