Шоми имрӯз дар Ватикан конклав барои интихоби Попи нави Рум шурӯъ мешавад. 115 кардинал, ки дар интихоботи Попи Рум ҳаққи овозро доранд, дар Капеллаи Сикстина барои ширкат дар раъйдиҳии аввал ҷамъ меоянд.
Интихобот комилан махфӣ сурат мегирад. Таври маъмул, ному насаби номзадҳо ба мақоми Попи Румро дар варақҳо менависанд. Баъд аз раъйдиҳии дуввум баргаҳо бо номи номзадҳоро дар оташдони махсус месӯзонанд ва зимнан, ба коғазҳо маҳлули маҳсуси кимиёвӣ илова мекунанд. Агар аз лулаи дудбаро дуди сиёҳ берун шавад, пас Попи Рум интихоб нашудааст, дуди сафед бошад, маънои онро дорад, ки католикҳо соҳиби сарвари нав шудаанд. Ҳамзамон бо дуди сафед садои зангулаҳо низ баланд мешавад.
Се рӯз қабл аз интихоботи Попи нави Рум дар боми Капеллаи Сикстина лулаи дудбарои махсусро насб карданд.
Попи пешини Рум Бенедикти 16 моҳи гузашта аз мақомаш истеъфо дод.