Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маводи мухаддир бо миқдори зиёд мусодира шуд


Беш аз 54 кило маводи мухаддир аз ҷониби кормандони Вазорати корҳои дохилӣ ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон дарёфт ва мусодира шудааст.

Ба иттилои сомонаи ВКД, ҳамчун гумонбар дар нигоҳдории ғайриқонунии маводи мухаддир шаҳрванд Исматов Содиқ, сокини деҳаи Ёли ноҳияи мазкур, дастгир шуд ва зимни кофтукови шахсии 5 адад борхалтаи ӯ 54 килою 240 грамм бангдона дарёфт ва мусодира гардид.

Ҳамчунин, аз ҷониби кормандони милиса дар ноҳияи Фархор ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир шаҳрванд Ёров Аюбҷон, сокини деҳаи Дарқади ноҳияи Фархор, дастгир шуд, ки ҳангоми кофтукови шахсӣ аз борхалтаи ӯ 4 килою 960 грамм ҳашиш ва 4 килою 90 грамм афюн (ҷамъ 9 килою 50 грамм маводи мухаддир) дарёфт ва мусодира шуд.

Аз рӯи ин ҳодисаҳо парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад, - хабар медиҳад манбаъ.
XS
SM
MD
LG