Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳокимаи ҳуқуқшиноси фавтидаи рус оғоз ёфт


Дар муҳокимаи Магнитский курсии айбдоршаванда холӣ аст
Дар муҳокимаи Магнитский курсии айбдоршаванда холӣ аст
Додгоҳи Маскав муҳокимаи иттиҳоми саркашӣ аз супурдани андозиҳуқуқшинос Сергей Магнитскийро боз намуда, ба лаҳза ба муддати 10 рӯз ба таъхир гузошт. Ин аввалин муҳокимаи шахси фавтида дар таърихи Русияи муосир аст. Рӯзи душанбе додраси додгоҳи ноҳияи Твери Маскав муҳокимаро ифтитоҳ намуда, ба вакилони аз тарафи додгоҳ муқаррашуда 10 рӯз дод, то бо қазия ошно шаванд. Оилаи Магнитский аз ширкат дар муҳокима худдорӣ кардааст, зеро ба қавли онҳо қазия сохта шудааст. Магнитский дар соли 2009-ум дар боздоштгоҳ ба ҳалокат расидааст. Ӯ як идда мансабдорони давлатиии Русияро бо рабудани 230 миллион доллар муттаҳам карда буд. Ин парванда боиси ташаннуҷ миёни Маскаву Вашингтон шудааст. Соли гузашта ИМА қонун ба тасвиб расонида, мансабдорони руси шарик дар қазияи Магнитскийро мавриди таҳрим қарор дод. Дар ҷавоб Русия фарзандхонии ятимони рус аз тарафи шаҳрвандони Амрикоро манъ кард.
XS
SM
MD
LG