Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯиқасди навбатӣ боиси марги ал-Убайдӣ шуд


Саркӯбсозии эътирозҳо дар Мосул
Саркӯбсозии эътирозҳо дар Мосул
Мақомоти Ироқ мегӯянд, ки рӯзи якшанбе яке аз раҳбарони эътирозҳои зиддиҳукуматӣ дар шаҳри Киркук кушта шуд. Афроди ношинос аз мошин сӯи ӯ оташ кушоданд. Ба иттилои полис, аввалҳои моҳ Буниён Сабар ал-Убайдӣ, намояндаи эътирозгарони суннимазҳаб дар ин минтақаи нафтхез, аз як сӯиқасди дигар ҷон ба саломат бурда буд.

Аз охирҳои соли гузашта ҳазорон суннимазҳабҳо алайҳи ҳукумати Нурӣ ал-Моликӣ, ки дар он аксари курсиҳоро шиамазҳабҳо ишғол кардаанд, эътироз мекунанд. Онҳо ҳукуматро дар нағзи ҳуқуқҳои сунниҳо гунафкор мехонанд. Рӯзи 8 март полиси шаҳри Мосул сӯи эътирозгарони суннӣ оташ кушода, ки дар натиҷа як кас кушта ва панҷ нафар маҷрӯҳ шуданд.
XS
SM
MD
LG